Вокуниши Толибон дар бораи тақвияти амнияти марзӣ бо Афғонистон
(last modified Wed, 06 Mar 2024 05:21:53 GMT )
Март 06, 2024 10:21 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Толибон дар бораи тақвияти амнияти марзӣ бо Афғонистон

Ҳукумати Толибон дар вокуниш ба ироаи пешнависе аз сӯи Тоҷикистон ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ эълом кард, ки амнияти марзӣ миёни Афғонистону тамоми кишварҳои ҳаммарз бавижа Тоҷикистон таъмин аст.

Ба гузориши ИРНА ба нақл аз “Тулунюз”, пештар вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти намояндаҳои вазоратхонаҳо ва идороти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Маскав пешнависеро барои тақвияти амнияти марзии Тоҷикистону Афғонистон ироа карда буд, ки бо вокуниши ҳукумати Толибон мувоҷеҳ шуд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон бо баёни инки ҳеҷ таҳдиди марзӣ аз хоки Афғонистон мутаваҷҷеҳи кишварҳои ҳамсоя нест, тасреҳ кард, мо ҳаргиз иҷоза намедиҳем шахс ё гурӯҳе аз хоки Афғонистон алайҳи кишваре истифода кунад ва чунин гуруҳҳоеро ҳам дар Афғонистон надорем, ки алайҳи кишваре иқдом кунанд.