Март 06, 2024 12:57 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти ғайринафтии Эрон ба Афғонистон

Мизони содироти ғайринафтии Эрон ба Афғонистон 15 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, мизони содироти ғайри нафтии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Афғонистон дар 11 моҳи соли 1402 бо афзоиши 220 миллиондолларӣ ҳамроҳ буд, ки ин мизон, афзоиши ҳудӯди 15 дарсадиро дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта нишон медиҳад.

Мизони содироти ғайринафтии Эрон ба Афғонистон дар 11 моҳи нахусти имсол (1402) ҳудӯди як миллиарду 700 миллиондоллар будааст.

Афзоиши содироти ғайринафтии Эрон ба Афғонистон дар ҳоле аст, ки масъулони ин кишвар ҳам дар заминаи афзоиши мубодилоти иқтисодӣ байни ду кишвар, омодагӣ доранд.

 

Барчасп