Шаҳрванди Қирғизистон ба ивази 23 ҳазор доллар озод шуд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i11341-Шаҳрванди_Қирғизистон_ба_ивази_23_ҳазор_доллар_озод_шуд
Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон ҳодисаи гаравгонгирӣ, шиканҷа шудан ва озодии як шаҳрванди ин кишварро дар Хуҷанд таъйид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 07, 2017 07:35 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрванди Қирғизистон ба ивази 23 ҳазор доллар озод шуд

Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон ҳодисаи гаравгонгирӣ, шиканҷа шудан ва озодии як шаҳрванди ин кишварро дар Хуҷанд таъйид кард.

Ба гузориши сойти “Турмуш”, Оқжол Колбоев, сокини ноҳияи Қаросуи вилояти Уш бо баҳонаи меҳмонӣ ба Тоҷикистон даъват шуда, аз сӯйи шарикони собиқи тиҷорияш ба муддати 10 рӯз ба унвони гаравгон мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Акнун ӯ дар баробари пардохти 23 ҳазор доллар ва бо мусоидати сафорати кишвараш озод шудааст.

Гуфта мешавад, афроди гаравгонгир бо номҳои Набиҷон ва Ҳаким Набиевҳо, сокинони шаҳри Хуҷанд қаблан дар ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон”, ки муртабит ба хонаводаи мақомоти аршади Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд, бо ин шаҳрванди Қирғизистон ҳамкорӣ доштаанд. Мақомоти интизомии вилояти Қирғизистон эълом кардаанд, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо боздошти ин ду гаравгонгир машғули баррасии ин моҷарост.

Оқжол Колбоев дар ҳоли ҳозир дар бемористони шаҳри Уш табобат мегирад. Ӯ таъкид кардааст, ки ин 10 рӯзи шиканҷа барояш монанди 10 сол тӯл кашида, ҳаргиз фикр намекардааст, ки шарикони собиқи тиҷорияш чунин балоеро сараш меоваранд. Бо ин ҳол, масъулони феълии ширкати “Фароз” гуфтаанд, ки Набиҷон ва Ҳаким Набиевҳо қаблан бо ин ширкат ҳамкорӣ доштаанд ва акнун қазияи гаравгонгирии шаҳрванди Қирғизистон ба онон иртиботе надорад.