Толибони Афғонистон: афғонҳо зери сояи низоми исломӣ, ояндаи хуб хоҳанд дошт
(last modified Sat, 11 May 2024 14:25:01 GMT )
Май 11, 2024 19:25 Asia/Dushanbe
  • Толибони Афғонистон: афғонҳо зери сояи низоми исломӣ, ояндаи хуб хоҳанд дошт
    Толибони Афғонистон: афғонҳо зери сояи низоми исломӣ, ояндаи хуб хоҳанд дошт

Сарпарасти Вазорати кишвари ҳукумати Толибони Афғонистон дар дидор бо намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Кобул таъкид кард ки афғонҳо дар амният ва зери сояи низоми исломи ояндаи хуб хоҳанд дошт.

Ба гузориши радиои Дари муовинати бурунмарзии Садои ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон Сироҷиддини Ҳаққонй, сарпарасти Вазорати кишвари ҳукумати Толибони Афғонистон дар дидор бо Рафаел Юдича, намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Кобул гуфт: афғонҳо душвориҳоро таҳаммул мекунанд ва дар масири пешрафт қарор хоҳанд гирифт.

Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури Афғонистон низ дар ин дидори иброз умедвори кард ки сулҳу амният дар Афғонистон мудовим буда ва мардуми ин кишвари оянда хуби дошта бошанд.

Гуруҳи Толибон аз замони қудратгирифтани дубора дар Афғонистон дар 15 августи соли 2021 барои касби машруъияти байналмилалӣ талош мекунад , аммо бо вуҷуди гузашти ин замон , ҳануз ҳеҷ як аз кишварҳои ҷаҳони ҳозир ба расмият шинохтан ин гуруҳ ба унвони давлати расмии Афғонистон нашудаанд.