Нишасти коргурӯҳҳои ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бӯстон
Нишасти коргурӯҳҳои ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бӯстон баргузор шуд.
Бар асоси тавофуқи суратгирифта, аз 5 то 11 майи соли 2024 нишасти коргурӯҳҳои нақшабардорӣ ва коргурӯҳҳои марбут ба масоили ҳуқуқии ҳайатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди тақсими ҳудуду марзбандии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор шуд.
Ба гузориши “Ховар”, бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор тарафайн дар мавриди шарҳи интиқоли марзи давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон дар бахшҳои боқимонда табодули назар карданд ва тасмим гирифтанд дар нишасти баъдӣ, ки дар хоки ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад, ин кор идома ёбад.
Ин дидор дар фазое дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор шуд.