Май 26, 2024 10:16 Asia/Dushanbe
  • Сафари Путин ба Узбекистон барои баррасии охирин таҳаввулоти минтақа бо Мирзиёев
    Сафари Путин ба Узбекистон барои баррасии охирин таҳаввулоти минтақа бо Мирзиёев

Владимири Путин дар сафари 2 руза ба Узбекистон, охирин таҳаввулоти минтақаро дар дидор бо ҳамтои узбекистонии худ барраси хоҳад кард.

Дафтари матбуотии кохи Кремлин дар баёнияи эълом кард ки Владимир Путини раиси Ҷумҳурии Русия дар сафари 2 руза ба Узбекистон, охирин таҳаввулоти минтақаро дар дидор бо Шавкат Мирзиёев ҳамтои узбекистонии худ баррасӣ хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Тасс, бар асоси баёнияи дафтари матбуотии кохи Кремлин, ин севумин сафари хориҷии Путини пас аз пирузи дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳури дар Русия аст.

Дар ин баёния омада аст: Путин ва Мирзиёев дар ҷараёни ин сафари 2 руза, дар мавриди шароити феъли ва чашмандози рушди бештари равобити ду ҷониба, мушорикати роҳбурдӣ ва равобити ду кишвари Русия ва Узбекистон бо якдигар гуфтугу хоҳанд кард.

Ин баёния меафзояд: Раисони Ҷумҳурии Рӯсия ва Узбекистон дар ҷараёни ин сафари 2 руза ҳамчунин дар бораи мушкилоти ҷории минтақа бо ҳам табодули назар хоҳанд кард.

Бар асоси баёнияи матбуотии кохи Кремлин, ширкат дар аввалин нишасти шурои манотиқи Русия ва Узбекистон аз дигари аҳдофи сафари Путин ба ин кишвар аст. Дар ҷараёни сафари Путин ба Узбекистон, чандини санади ҳамкории муштарак тавассути раисони ҷумҳурии ду кишвар ба имзо хоҳад расид.

Барчасп