Июн 05, 2024 18:57 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Қазоқистон бар ташкили кишвари Фаластин ба пойтахтии Байтулмуқаддас

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон бар мавзеъи собити кишвараш дар бораи ташкили кишвари мустақили Фаластин ба пойтахтии Байтулмуқаддас таъкид кард.

 Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбии ИРНА, Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон дар баёнияе бо таъкид бар ташкили кишвари Фаластин ба пойтахтии Байтулмуқаддас эълом кард, Остона аз талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои эҷоди субот дар ғарби Осиё ҳимоят мекунад.

 Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон таъкид кард ,танҳо роҳиҳали таваққуфи ҷанг ва даргирӣ дар Ғазза ва сарзаминҳои Фаластин ташкили кишвари мустақили Фаластин аст.

Ба иловаи Қазоқистон шумори дигаре аз кишварҳои узваи Иттиҳодияи Аврупо низ расмият ёфтани кишвари Фаластинро пазируфтаанд. 

Кишвари мустақил Фаластин то кунун аз сӯи беш аз 140 кишвар аз кишварҳои узви СММ (беш аз сеяки аъзои ин созмон) ба расмият шинохта шудааст.

 

 

Барчасп