Таъкиди Эрон бар тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар СҲШ
Вазири неруи Эрон бо тамҷид аз нақши вижаи Созмони Ҳамкории Шанхай дар тавсеаи иқтисодиву амниятӣ дар минтақаву ҷаҳон, 7 меҳвари муҳим барои тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар СҲШ -ро пешниҳод кард.
Ба гузориши Ирна, Алиакбари Меҳробиён, вазири неруи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар садри ҳайате коршиносӣ барои ҳузур дар чаҳорумин нишасти вазирони энержии кишварҳои узви СҲШ ба Қазоқистон сафар кардааст, рӯзи ҷумъа бо ишора ба 7 меҳвари пешниҳодии Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон бо тавваҷуҳ ба ояндаи энержӣ, бар аҳамияти меҳварҳое чун эҷоди бозори барқи минтақаӣ байни кишварҳои узв, иртиқои амнияти энержӣ, тавсеаи зарфияти обширинкунҳои барқӣ, тавсеаи фанниву тиҷорисозии манобеи захирасозии энержӣ ва худравҳои барқӣ, тавваҷуҳ ба мақулаи коҳиши интишори газҳои гулхонаӣ, табодули дониши фаннӣ ва ҳамкориҳои илмӣ ва табодули хадамоти фанниву муҳандисии ҳавзаи энержӣ барои ҳамкориҳои муштарак таъкид дорад.
Вазири неруи Эрон ибрози умедворӣ кард, ки ин меҳварҳо битавонад ба тақвияти ҳамкориҳову ҳамбастагӣ байни кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай мунҷар шавад ва шоҳиди рушду тавсеае пойдор дар ҳавзаи энержӣ бошем.