Гутерриш: Тоҷикистон нақши барҷастае дар кори Созмони Милал ифо мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i115758-Гутерриш_Тоҷикистон_нақши_барҷастае_дар_кори_Созмони_Милал_ифо_мекунад
Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамкории Тоҷикистон бо СММ -ро намунаи барҷаста арзёбӣ кард.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Июл 05, 2024 18:07 Asia/Dushanbe
  • Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ
    Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамкории Тоҷикистон бо СММ -ро намунаи барҷаста арзёбӣ кард.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Бо вуҷуди ин ки Тоҷикистон кишвари хурд аст, нуфузу нақши барҷастае дар кори Созмони Милал ва ба таври куллӣ ҷомеаи байналмилалӣ дорад. Мо ҳаргиз зарфият, энержӣ ва фаъолияти мустақими Тоҷикистон барои баҳс дар мавриди мавзӯи об дар саросари ҷаҳонро фаромӯш нахоҳем кард.