Гутерриш: Тоҷикистон нақши барҷастае дар кори Созмони Милал ифо мекунад
(last modified Fri, 05 Jul 2024 13:07:42 GMT )
Июл 05, 2024 18:07 Asia/Dushanbe
  • Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ
    Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамкории Тоҷикистон бо СММ -ро намунаи барҷаста арзёбӣ кард.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Бо вуҷуди ин ки Тоҷикистон кишвари хурд аст, нуфузу нақши барҷастае дар кори Созмони Милал ва ба таври куллӣ ҷомеаи байналмилалӣ дорад. Мо ҳаргиз зарфият, энержӣ ва фаъолияти мустақими Тоҷикистон барои баҳс дар мавриди мавзӯи об дар саросари ҷаҳонро фаромӯш нахоҳем кард.