Тарҳи Иттиҳоди Аврупо барои сармоягузорӣ дар тавсеаи роҳҳои иртиботии Тоҷикистон
Сухангӯи аршади Комиссияи сиёсати хориҷӣ ва амниятии Аврупо бо ишора ба аҳамияти тавсеаи зерсохтҳои Тоҷикистон барои равнақи масири ҳамлунақли “Транс-Хазар” гуфт: Тарҳҳои иҷроӣ дар ин минтақа бояд марокизи аслии тавлиду содироти Тоҷикистонро бо шабакаҳои ҳамлунақли минтақаӣ пайванд диҳад.
Петер Стано дар мусоҳиба бо хабаргузории “Тренд” иқдомоти муҳим барои тавсеаи роҳҳои иртиботӣ ва ҳамлунақл дар Тоҷикистонро баршумурду афзуд: Мутолеаи Иттиҳоди Аврупо дар мавриди иттисолоти ҳамлунақли пойдор байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ аҳамияти эҷоди як маркази лагистикӣ дар гузаргоҳи марзии Фатҳобод ва барқрасонӣ ба хати роҳи оҳани шимолӣ, байни Хуҷанд ва марзи Узбакистонро лозим медонад.
Сухангӯи аршади Комиссияи сиёсати хориҷӣ ва амниятии Аврупо гуфт, ин иттисол бояд шомили минтақаи иқтисодии Суғд ва бахши шимолии минтақа низ бошад то марокизи аслии тавлиду содироти Тоҷикистонро бо шабакаҳои ҳамлунақли минтақаӣ пайванд диҳад.
Вай ҳамчунин бар аҳамияти мушорикати Тоҷикистон дар масири ҳамлунақли байналмилалии “Транс-Хазар” (TITR) таъкид карду гуфт: “Транс-Хазар” фаротар аз як масири заминии ҷойгузин барои ҳамлунақли коло байни Осиё ва Аврупо аст ва бояд рӯйкарди шабакаӣ дошта бошаду ниёзи кишварҳои Осиёи Марказиро барои иртиботи беҳтар бо якдигар бароварда кунад то манофеи иқтисодии пойдореро барои кулли минтақа ба ҳамроҳ дошта бошад.