Боздиди Анҷумани таҳқиқоти ҳуқуқи башари Чин аз фаъолиятҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
(last modified Sun, 28 Jul 2024 12:57:33 GMT )
Июл 28, 2024 17:57 Asia/Dushanbe
  • Боздиди Анҷумани таҳқиқоти ҳуқуқи башари Чин аз фаъолиятҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ҳайати Анҷумани таҳқиқоти ҳуқуқи башари Чин бо фаъолиятҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ошно шуд.

Ба манзури эҷоди ҳамкориҳои илмӣ ва амалӣ, омӯзишу таҳқиқоти ҳуқуқи башар, ҳайате аз Анҷумани мутолиоти ҳуқуқи башари Чин ба сарпарастии Тзян Тезяго, ноиб раиси Анҷумани мутолиоти ҳуқуқи башари Чин, профессор Мао Сзюнсян, мудири иҷроии Маркази таҳқиқоти ҳуқуқи башари донишгоҳи Чжунънан ва профессор Чжэн Лян, аъзои ҳайати мудираи Анҷумани таҳқиқоти инсонии Чин, муовини мудири Муассисаи рӯзноманигорӣ ва иртибототи донишгоҳи Сзинан аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид карданд.

Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вазъияти феълии пажӯҳишҳои илмӣ, низоми омӯзиш, равобити донишгоҳ бо муассисоти омӯзиши олии кишварҳои хориҷӣ, мутолиаи забонҳои хориҷӣ ва нерӯи илмии донишгоҳро ба меҳмонон муаррифӣ кард.