Июл 28, 2024 18:01 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо сафири Олмон

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Олмон дидору гуфтугӯ кард.

Рамазон Раҳимзода, вазири орҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 25 июл бо Йорк Шуграф, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Ховар” ба нақл аз вазорати корҳои дохила, дар ин дидор тарафайн дар мавриди тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бо ҷароими созмонёфтаи фаромилӣ, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддиру таъмини амният баҳсу табодули назар карданд.