Август 22, 2024 11:50 Asia/Dushanbe
  • Намоиши филми эронии «Судоба» дар ҷашнвораи байналмилалии филми Тошканд

Порс тудей - Филми эронии «Судоба» ба зуддӣ дар ҷашнвораи байналмилалии филми Тошканд ба намоиш дархоҳад омад.

Филми эронии «Судоба» як малодрамаа равонковона бо достоне муаммоӣ дар бораи зиндагии як завҷ ҷавон аст.

Ба гузориши Порс тудей, ин филми эронӣ, ки сохтаи Муҳаммадалии Саҷҷодӣ аст, қаблан дар ҷашнвораи филмҳои Ҳорворди Амрико мавриди тақдир қарор гирифта буд ва акнӯн қарор аст дар ҷашнвораи байналмилалии филми Тошканд намоиш дода шавад.

Достони «Судоба» дар бораи писаре ба номи Меҳрдод аст, ки бо «Судоба» хоҳари дӯсти худ издивоҷ мекунад ва ӯро ба хонаи қадимиашон мебарад то бо модараш зиндагӣ кунанд. Дар онҷо бо ҳаводисе рӯбарӯ мешаванд, ҳаводисе аҷибу ғариб ва мутааддид.

 

Барчасп