Август 28, 2024 13:14 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҷазби нерӯи кор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари Қатар

Роҳҳои ҷазби нерӯи кор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари Қатар дар Давҳа баррасӣ гардид.

Нурмурод Маҳмадалӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Қатар бо Абдулҳодӣ Бахит Барқан, мудири кулли ширкати Ҷусур (Qatar Manpower Solutions Co. (Jusour) дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши сомонаи “Ховар” ба нақл аз вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор, тарафайн дар мавриди масоили марбӯт ба муҳоҷирати нерӯи кор, аз ҷумла тақвияти роҳҳои ҷазби нерӯи кор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари Қатар гуфтугӯ карданд.