Август 29, 2024 13:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии «филмҳои варзишӣ»

Дар нишасти намояндаи Федератсияи ҷаҳонии филм ва телевизиони варзишӣ дар минтақаи Ғарби Осиё бо дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бар ҳамкории муштараки ин кишвар бо Ҷашнвораи «филмҳои варзишӣ»-и Эрон таъкид шуд.

Саидмуҷтабо Алавӣ, намояндаи Федератсияи ҷаҳонии филм ва телевизиони варзишӣ (ficts) дар минтақаи Ғарби Осиё дар дидор бо Мавзуна Чориева, дабири кулли кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфт: Ҷашнвораи байналмилалии «филмҳои варзишӣ» Эрон ба давраи чаҳордаҳуми худ расидааст ва токунун бо истиқболи филмсозони ҳудуди 60 кишвар мувоҷиҳ шудааст.

Алавӣ афзуд, дар ин нишаст, ки дар Душанбе, пойтахти кишвари Тоҷикистон баргузор шуд, бар ҳимояти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои варзишии Эрон ба унвони пойгоҳи минтақаӣ дар Ғарби Осиё таъкид шуд ва бо таваҷҷуҳ ба ин, ки раисиҷумҳури кишвари Тоҷикистон, раиси Кумитаи миллии олимпии ин кишвар аст ва ҳамвора барои иҷрои барномаҳои фарҳангии ҳунарӣ бавижа барпоии ин гуна рӯйдодҳо, ки боиси муаррифии фарҳанги қавии форсӣ ва шохисаҳои кишвар рӯ ба тавсеа мешавад, аҳаммияти хоссе қоил аст, бидуни тардид аз баргузории Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои варзишӣ дар кишвари Тоҷикистон истиқбол хоҳад кард.

Намояндаи Федератсияи ҷаҳонии филм ва телевизиони варзишӣ (ficts) дар минтақаи Ғарби Осиё дар посух ба инки чаро ба рағми пешниҳодоти мутааддид аз кишварҳои осиёӣ, бавижа кишварҳои арабӣ, Тоҷикистон мақсади аввалия барои густариши ҳавзаи корӣ дар жанр (гуна) варзишӣ интихоб шудааст, афзуд: Эрон ва Тоҷикистон иштирокоти фарҳангии фаровон, бавижа ҳамзбонӣ ва муносиботи қавмӣ ва сарзаминӣ доранд.

Саидмуҷтабо Алавӣ таъкид кард: Бар ин асоси тарҳ тавҷеҳӣ, шеваи баргузорӣ, даромадзоӣ ва ҳазинаҳо тақдими дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон шуд.

 

Барчасп