Август 31, 2024 13:37 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Эрон бо муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Алиризо Ҳақиқиён-сафири Ҷумҳурии Иломии Эрон дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 30 август бо Фаррух Шарифзода-муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидор кард.Дар ин дидор ҳамкориҳои ҷории байни 2 кишвар дар ҳавзаҳои дуҷониба, минтақаӣ, байналмилалӣ ва чашмандози густариши равобити байни 2 кишвар мавриди гуфтугӯ ва баррасӣ қарор гирифт.

 

Барчасп