Тақвияти равобити байнипорлумонии Тоҷикистону Узбекистон
(last modified Mon, 16 Sep 2024 06:26:05 GMT )
Сентябр 16, 2024 11:26 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобити байнипорлумонии Тоҷикистону Узбекистон

Равобити байнипорлумонии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, 12 сентябр дар ҳошияи Ҳамоиши байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, Маҳмадтоир Зокирзода,  раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Танзила Нарбоева, раиси Сенати Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи ғанӣ гардонидани робитаҳои байнипарлумониро бо мазмуни нав мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин нишаст бар беҳбуди чорчӯби қонӯнӣ дар муҳимтарин заминаҳои ҳамкории байни кишварҳои минтақа ва табодули таҷриба байни ниҳодҳои намояндагии маҳаллӣ тавофуқ ҳосил шуд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар сатҳи боварибахш рушд карда, мардумони ду давлат  аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманд ҳастанд.