Баррасии ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Ҷаҳонии Исломӣ
(last modified Tue, 17 Sep 2024 10:07:22 GMT )
Сентябр 17, 2024 15:07 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Созмони Ҷаҳонии Исломӣ
    Ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Созмони Ҷаҳонии Исломӣ

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Ҷаҳонии Исломӣ дар заминаи масоили омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши “Ховар”, дар ҳошияи конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши олимону донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ» дидори муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо раиси Идораи муколама ва гуногунии фарҳангӣ ва раиси Дафтари сафирон (ИСЕСКО) Холид Фатҳарраҳмон Умар баргузор шуд.

Дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҷаҳонии Исломӣ дар хусуси масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) ва зарфиятҳои таҳким бахшидани равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.