Тафсир. Тавсеаи равобити Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаи обу барқ
(last modified Wed, 25 Sep 2024 13:31:18 GMT )
Сентябр 25, 2024 18:31 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар ҳавзаи обу энержӣ
    Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар ҳавзаи обу энержӣ

Ҳамзамон бо дидори руасои Ҷумҳурии исломии Эрон ва Тоҷикистон дар Ню-Йорк, нишасти тахассусии ду кишвар дар мавриди санъати обу энержӣ ҳам дар Теҳрон баргузор шуд.

Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба Ню-Йорк сафар кардааст, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон равобити Эрону Тоҷикистонро мумтозу муттакӣ бар пайвандҳои амиқи таърихиву хешовандӣ тавсиф ва таъкид кард, Теҳрон хоҳони тавсеаву густариши таомулоту иртибототи илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бо Душанбе аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин дидор зимни таҷлил аз мавозеи Пизишкиён дар ростои эҷоди ваҳдату ҳамбастагӣ миёни кишварҳои исломӣ таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон бо вуҷуди фишорҳову таҳримҳои золимона, ба пешрафтҳои чашмгире даст ёфтаасту хостори истифода аз таҷрибаҳои Эрон ва ҳамчунин тақвияту таъмиқи равобит дар ҳамаи заминаҳо шуд.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои пуроби минтақа аст, ки мекӯшад бо тақвияти бистару зерсохтҳои барқии худ, ба унвони кишвари содиркунандаи барқ дар минтақа худро матраҳ кунад.

Эрон низ дар ҳамин росто бо доштани дониши фаннӣ ва технологияи барӯз ва тавони фанниву муҳандисии боло, мушорикати ҷиддӣ дар пешбурди барномаҳои тавсеаи барқи Тоҷикистон дорад ва бидуни тардид иштирокоти забонӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ беш аз пеш ба осонсозии иҷрои барномаҳои тавсеаи обу барқии Тоҷикистон аз сӯи ширкатҳои эронӣ кумак мекунад.

Қаблан тарҳи лӯлакашии оби гуворои дарёча ё кӯли “Саррез”-и Тоҷикистон ба Эрон матраҳ шуда буд, ки бо далоиле ин мавзӯъ камранг шудааст, аммо барои амалӣ кардани ин тарҳ ниёз ба баррасиҳо ва воковиҳои коршиносӣ ва муҳандисии бештар аз сӯи сохторҳои давлатӣ ва муҳандисону фаъолони ширкатҳои хусусӣ аст то ин тарҳ ба натиҷа бирасад.     

Равобити Эрону Тоҷикистон ба далели қарор доштан дар ҳавзаи тамаддунӣ аз пешинаи таърихӣ, бостонӣ ва фарҳангӣ бархурдор аст ва Тоҷикистон низ худро бахше аз ин тамаддуни бузургу ғании порсӣ талаққӣ мекунад ва бар хилофи бадхоҳон, ҳавзаи пешрафту муваффақияти Эронро пешрафту муваффақият Тоҷикистон медонад. Аз ин рӯ зарфиятҳои зиёде барои тавсеаву таъмиқи равобити Эрону Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо бахши энержии барқ аст.

Ба ин далел, ҷаласаи муштараки мудирони аршади саноати обу барқи Эрону Тоҷикистон бо мавзӯи иқтисоди обу барқ ва бо ҳадафи интиқоли таҷрибаҳои муваффақи Эрон дар ҳавзаи санъати обу барқ дар Теҳрон баргузор шуд, ки баёнгари эҳтимоми ҷиддии Эрону Тоҷикистон барои тавсеаи равобит дар ҳавзаи обу барқ аст.

Аббоси Алиободӣ, вазири неруи Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар тавсеаву тақвияти ҳамкориҳо дар ҳавзаи энержӣ ва соири мабоҳиси байни ду кишвари Эрону Тоҷикистон таъкид кард, пружаи барқи “Сангтӯда – 2” аз ҷумлаи пружаҳои Эрон дар Тоҷикистон аст, ки рафъи мавонеи иҷрои он дар дастури кор аст. Вай пас аз дидори Далери Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон таъкид кард, дар сояи фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон, музокироте дар заминаҳои мухталиф бо вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон сурат гирифт, ки навиддиҳандаи тавсеаи беш аз пеши равобити дуҷониба аст.

Ширкатҳои эронӣ тарҳҳои хубу муваффақеро дар Тоҷикистон иҷро кардаанд, ки пружаи тавлиди барқи “Сангтӯда – 2” аз ҷумлаи ин пружаҳост.

Ба гуфтаи вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ин кишвар аз ҷазби сармоягузорӣ ва баҳрамандӣ аз дониши фаннӣ ва мутахассисони эронӣ, ки ҷузви бартаринҳо дар дунё ба шумор мераванд, истиқбол мекунад.