Октябр 08, 2024 14:22 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Лаҳистон (Полша)
    Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Лаҳистон (Полша)

Ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Лаҳистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Лаҳистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ба гузориши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ин ройзаниҳо ду тараф дар мавриди вазъият ва чашмандози густариши равобити байни Тоҷикистону Лаҳистон ва мавзӯоти муҳими дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ - тиҷорӣ, саноат, беҳдошт, лагистика, илмӣ, омӯзишӣ ва амниятӣ табодули назар карданд.

Дар мароҳили баъдӣ, ба манзури ироаи ҳарчӣ бештари зарфиятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва ҳамчунин манобеи фаровони энержии сабзи Тоҷикистон, тавофуқ дар мавриди танзими ҳамоишҳои иқтисодӣ барои тарафҳои зинафъи Лаҳистон ҳосил шуд.

Ду тараф ҳамчунин дар бораи мавзӯоти муҳими дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ карданд.

 

Барчасп