Ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Табрези Эрон
(last modified Mon, 21 Oct 2024 10:25:56 GMT )
Октябр 21, 2024 15:25 Asia/Dushanbe
  • Ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Табрези Эрон
    Ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Табрези Эрон

Дар намоишгоҳи байнулмилалии гардишгарии шаҳри Табрез дар Эрон ғурфаи Тоҷикистон барпо шуд.

Дар 3-умин намоишгоҳи ҷаҳонии гардишгарии Табрез-2024 бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Эрон барпо шуд маводи ин ғурфа ки зарфият ва тавонмандиҳои гардишгарии Тоҷикистонро ба намоиш мегузошт мавриди таваҷҷуҳи амиқи мухотабони намоишгоҳ қарор гирифт.

Солеҳи Амирӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои Эрон, Баҳром Сармаст, устондори Озарбойҷони Шарқӣ ва мақомоти Табрез дар рӯзи аввали намоишгоҳ аз ғурфаи Тоҷикистон дидан карда, зарфиятҳои гардишгарии Тоҷикистонро як минбари муносиб барои таҳкими ҳамкориҳои гардишгарӣ бо Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Беш аз 300 ширкати эронӣ ва хориҷӣ дар намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Табрез ширкат карданд.