Дидори Озодаи Раҳмон бо вазири Кабинаи давлати Кувайт
Озодаи Раҳмон , Роҳбари Дастгоҳи иҷроии раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар Кувайт бо Шайх Муҳаммад Абдулло ал-Муборак ас-Сабоҳ , вазири Кабинаи давлати Кувайт дидор ва гуфтугӯ кард .
Ба гузориши “ Ховар ” ба нақл аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт , дар ин дидои мавзӯъоти тақвияту густариши ҳамкориҳои чанд ҷонибаи муфид барои ду кишвар , аз ҷумла дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ , сармоягузорӣ , илмӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Дар ин дидор бар барқарории тамосҳои бештар дар сатҳи болои байни ду кишвари дӯст ва баргузории Конфаронси байналмилалӣ бо номи “ Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо тероризм ва эҷоди механизмҳои марзии муассир – марҳалаи Кувайт дар фароянди Душанбе ” таъкид шуд .