Дидори Озодаи Раҳмон бо вазири Кабинаи давлати Кувайт
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i117770-Дидори_Озодаи_Раҳмон_бо_вазири_Кабинаи_давлати_Кувайт
Озодаи Раҳмон , Роҳбари Дастгоҳи иҷроии раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар Кувайт бо Шайх Муҳаммад Абдулло ал-Муборак ас-Сабоҳ , вазири Кабинаи давлати Кувайт дидор ва гуфтугӯ кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 31, 2024 10:49 Asia/Dushanbe
  • Дидори Озодаи Раҳмон бо вазири Кабинаи давлати Кувайт
    Дидори Озодаи Раҳмон бо вазири Кабинаи давлати Кувайт

Озодаи Раҳмон , Роҳбари Дастгоҳи иҷроии раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар Кувайт бо Шайх Муҳаммад Абдулло ал-Муборак ас-Сабоҳ , вазири Кабинаи давлати Кувайт дидор ва гуфтугӯ кард .

Ба гузориши “ Ховар ” ба нақл аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт , дар ин дидои мавзӯъоти тақвияту густариши ҳамкориҳои чанд ҷонибаи муфид барои ду кишвар , аз ҷумла дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ , сармоягузорӣ , илмӣ, фарҳангӣ ва  гардишгарӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .

Дар ин дидор бар барқарории тамосҳои бештар дар сатҳи болои байни ду кишвари дӯст ва баргузории Конфаронси байналмилалӣ бо номи “ Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо тероризм ва ​​эҷоди механизмҳои марзии муассир – марҳалаи Кувайт дар фароянди Душанбе ” таъкид шуд .