Паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон
(last modified Mon, 25 Nov 2024 04:37:20 GMT )
Ноябр 25, 2024 09:37 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон
    Паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба кушта ва захмӣ шудани шумори зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон дар пайи ҳамлаи ваҳшиёнаи террористӣ ба корвони мошинҳо дар минтақаи шимолу гарбии ин кишвар ба мақомоти баландпояи Покистон барқияи таслият фиристод.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 24 ноябр дар робита ба кушта ва захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон дар пайи ҳамлаи ваҳшиёнаи террористӣ ба корвони мошинҳо дар минтақаи шимолу ғарби ин кишвар ба Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси Ҷумҳури Покистон ва Шаҳбоз Шариф, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон паёми таслият фиристод, ки дар он омадааст:

Мо ин амали ваҳшиёнаи гурӯҳҳои ҷинояткорро қотеъона маҳкум карда, ба шумо, наздикони қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ ва тамоми мардуми дӯсти Покистон ҳамдардӣ ва тасаллияти самимии худро изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил таманно дорем.