Ёддошти мақоми аршади эронӣ дар хусуси бардошташ аз сафар ба Тоҷикистон
-
Ёддошти мақоми аршади эронӣ дар хусуси бардошташ аз сафар ба Тоҷикистон
Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон дар сафарномае кутоҳ аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ ёд кардааст.
Сомонаи “Азия плюс” дар матлабе навиштааст: Дар ҳошияи сафари давлатии Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон, дар миёни мақомоти баландпояи эронӣ, Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон низ ба Тоҷикистон сафар карда буд.
Ӯ зимни сафари худ бо вазири фарҳанги Тоҷикистон ва мақомоти гардишгарии кишвар вохӯрда, якчанд созишнома ва тафоҳум ба имзо расонид. Баъди бозгашт аз сафари Тоҷикистон, ӯ ёддошти худро аз ин сафар нигоштааст, ки "TEHRAN TIMES" онро мунташир кардааст.
Сафари “мутафовит ва бисёр ширин”
Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ ин сафари худро бо далоили фаровон аз сафарҳояш ба дигар кишварҳо “мутафовит ва бисёр ширин” унвон кардааст.
Ӯ нахуст аз истиқболи гарм ва ишқи бедареғи мардуми Тоҷикистон ба Эрону забони форсӣ таъкид карда, аз гӯйишҳои зебои форсӣ ва номи хиёбону тандисҳое, ки дар ҳар кӯю барзан ба исми нухбагони бузурги форсӣ насб шудаанд, ба ваҷд омадааст.
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон, бо вуҷуди чолишҳои чанд соли охир ба ҳам омадани мардуми фосзабони ду кишварро фоли нек дониста, инро имкони хубе барои масъулони ҳарду ҷониб дар густариши иртиботи иқтисодиву фарҳангии якдигар хондааст.
Ҳамчунин аз он ёдовар шудааст, ки дар ҳоле, ки ҷаҳонро ахбори ногувори мунозироту ҷангҳо фаро гирифтааст, рӯйдоди шеърхонии раисони ҳарду кишвар таваҷҷуҳи миллионҳо форсзабононро, ки гароишҳои фикриву сиёсии мухталиф доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба худ ҷалб кардааст.
Тасдиқи лағви пурраи раводид
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон бори дигар дар ёддошташ таъйид кардааст, ки баҳси раводид миёни ду кишвар комилан ҳал шудааст.
Ӯ навиштааст, шахси раисиҷумҳур ва ҳайати давлат пеш аз анҷоми ин сафар тасмим ба лағви раводиди ҳамаҷонибаи атбои Тоҷикистон гирифт, то заминаҳои густариши равобити дутарафа фароҳам шавад.
Дар ҷараёни сафар ва дидор низ раисҷумҳури ду кишвар аз лағви раводид ҳарф зада, шаҳрвандони кишварҳои якдигарро барои сафари бемаҳдуд ба Эрону Тоҷикистон даъват кардаанд.
Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ дар дидор бо вазири фарҳанг ва раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон ва имзои чанд санадро дар ин ришта дастоварди муҳим барои ду кишвар арзёбӣ кардааст.
Ба навиштаи ӯ, бо раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон барои афзоиши гардишгарони ду кишвар аз 8 ҳазор то ба 100 ҳазор созишнома имзо кардаанд. Ҳамчунин бо вазири фарҳанг сари иҷрои ҷашнвораҳои муштарак бар пояи ойину русуми таърихи худ ҳамчун Наврӯз ба тавофуқ расидаанд.
Ҳамчунин муқаррар шудааст, ки барои таъмиру бозсозии осори таърихиву бостонии Тоҷикистон бо мақомоти кишвар ҳамкорӣ кунанд.
Ин мақоми эронӣ бозкушоии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар шаҳри Душанберо, ки соли 1995 боз шуда буду солҳо инҷониб аз фаъолият бозмонда буд, иттифоқи мусбати дигари ин сафар унвон кардааст.
Ӯ менависад: “Мутаассифона, пажӯҳишгоҳ ба далоили сиёсӣ ба муддати ҳафт сол таътил шуда буд ва бисёре аз пажӯҳишгарони мумтози ду кишвар аз таътили он амиқан мутаассиф буданд.
Поёни нома
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон дар поёни нома аз хонандагони ин ёддошт хоҳиш кардааст, ки ин номаро бо нигоҳи фарҳангии орӣ аз расмиёти идорӣ бипазиранд. Зеро чуноне дар боло зикр шуд, дастовардҳои ин сафарро бисёр мутафовит мебинад.
“Яқин дорам, ки дар сурати пайгирии тафоҳумномаҳои имзошуда, уфуқи тоза дар муқобили ду миллати Эрону Тоҷикистон кушода хоҳад шуд ва мо сокинони қаламрави забони форсӣ метавонем бори дигар дар канори ҳам ба густариши таърихи саросари фарҳанги худ биболем”, - бо чунин изҳорот ёддошти худро хотима бахшидааст.
Ёдовар мешавем, ки Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон шоми 15-уми январ бо сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд. Ӯро 16-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт ва байни мақомоти ду кишвар 23 созишнома ба имзо расид.
Раисони ду кишвар бо ҳам мулоқоти гарм доштанд ва дар мавриди густариши ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо мулоқот карда, шеър ҳам хонданду шаҳрвандони кишварҳои якдигарро ба далели лағви раводид ба Эрону Тоҷикистон даъват карданд.