Муррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Эрон
Имкониятҳо ва ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Эрон муаррифӣ шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, дар шаҳри Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти унвони «Сад ширкати сайёҳии ҷаҳон дар Нисфи ҷаҳон» ҳамоиши байналмилалии ширкатҳои сайёҳӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ ва маҷмаии лижаронии «Сафеддара» иштирок дошта, имконоти сайёҳии мамлакатро муаррифӣ намуданд.
Дар доираи ҳамоиш намояндагони ширкатҳои ватанӣ барои ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои эронӣ вохӯрӣ намуда, имконоти сайёҳии ду давлатро баррасӣ карданд.
Пешниҳод гардид, ки байни ширкатҳои хусусии сайёҳии ду давлат барои боз ҳам густариш додани муносибатҳо санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шаванд.
Гуфтанӣ аст мавзӯъи ҳамкориҳои сайёҳӣ ё гардишгарӣ баҳши муҳими гуфтугуҳои мақомоти тоҷик ва эрониро дар сафари моҳи гузаштаи доктор Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ташкил дод.