Август 03, 2016 09:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 600 шаҳрванди Қирғизистон дар Сурия ва Ироқ

Сухангуи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, 600 шаҳрванди ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки аз ин теъдод 70 тан кушта шудаанд.

Сухангуи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз ҳузури 600 шаҳрванди ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Сурия ва Ироқ хабар дод.

Ба иттилои сайти Акипресс, Роҳат Сулаймонов дар нишасти хабарии ахир дар Бишкек  гуфтааст, ки дар даргириҳои Сурия ва Ироқ 70 шаҳрванди ин кишвар кушта шудаанд.

Сулаймонов ҳамчунин аз бозгашти 20 шаҳрванди қирғиз аз Сурия ва Ироқ дар шаш моҳи нахусти имсол ба кишварашон хабар дода ва гуфтааст, ки бархе аз ин афрод дар дохили ин ҷумҳурӣ иқдом ба таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ ва ҷазби ҷавонон ба ин гурӯҳ карда, ки теъдоде аз онҳо боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи Роҳат Сулаймонов, бархе аз ин афрод низ бо ибрози надомат ва пушаймонӣ ҷудоии худ аз гурӯҳҳои террористиро эълом кардаанд.

Сухангуи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рафтани теъдоде аз хонаводаҳо ба ҳамроҳи кӯдакони кам синну соли онон ба Сурияро нигаронкунанда хонда ва аз иқдоми Парлумони Қирғизистон мабнӣ бар лағви тобеияти шаҳрвандони узви гурӯҳҳои террористӣ ҳимоят кардааст.

Барчасп