Ҳузури «Моҳӣ дар шаст» дар дуюмин Ҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон»
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i122370-Ҳузури_Моҳӣ_дар_шаст_дар_дуюмин_Ҷашнвораи_байналмилалии_Тоҷи_Сомон
Филми синамоии «Моҳӣ дар шаст» дар бахши мусобиқаи филмҳои баланди «дуюмин Ҷашнвораи байналмилалии филми Тоҷи Сомон» ҳузур дорад.
(last modified 2025-10-12T09:44:20+00:00 )
Октябр 12, 2025 14:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури «Моҳӣ дар шаст» дар дуюмин Ҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон»

Филми синамоии «Моҳӣ дар шаст» дар бахши мусобиқаи филмҳои баланди «дуюмин Ҷашнвораи байналмилалии филми Тоҷи Сомон» ҳузур дорад.

Ба гузориши мушовири расонаии филм, «Моҳӣ дар шаст», ки ба тозагӣ дар 37-умини Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кӯдакон ва навҷавонон, ҷоизаи вижаи дабири ин ҷашнвораро аз они Муҳиддини Музаффар, коргардони ин сохтаи муштараки Эрон ва Тоҷикистон кард, дар бахши рақобатии филмҳои баланди Ҷашнвораи “Тоҷи Сомон”-и Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Дар ҳошияи ҷашнвора, ки барои бозаи 15 то 20 октябри 2025 барномарезӣ шуда, рӯнамоии Тоҷикистон ин филм низ шомгоҳи 18 октябр (26 меҳр) дар Кохи Наврӯзи шаҳри Душанбе бо ҳузури мақомоти давлатӣ ва ҳунармандони ин кишвар, сафири Эрон дар Тоҷикистон, мудирони шабакаи «IFilm» ва сармоягузорони эронии «30CUP» баргузор хоҳад шуд.

Таҳиякунандагии «Моҳӣ дар шаст»-ро, ки бар асоси филмномае аз Бахтиёр Каримов ва бо мушорикати шабакаи «IFilm» сармоягузорони эронӣ ва тоҷикистонӣ сохта шуда, Амири Тоҷик ва Муҳиддини Музаффар ва коргардониашро Муҳиддини Музаффар ӯҳда дор будаанд. Ин филм маҳсӯли соли 2025 аст ва дар хулосаи достонаш омадааст: «Шояд гумон кунӣ, моҳӣ дар шаст ҳамеша асири дасти моҳигир аст, ғофил аз онки дарё гоҳе калиди озодиро ба кӯдаке беном мебахшад.»

Нақшҳои аслии ин асарро Хуршеди Мустафоев ва Сайёра Сафарӣ, ду бозигари матраҳи тоҷикистонӣ ифо кардаанду коргардон, Абдуллоҳи Абдураҳимзода, истеъдоди навҷавони бозигарии Тоҷикистонро барои нахустин бор дар ин филм муаррифӣ ва пас аз ҷустуҷу дар 42 маркази нигаҳдории кӯдакони бесарпараст дар Тоҷикистон ва гирифтани тести бозигарӣ аз беш аз 1800 кӯдак дар ин марокиз интихоб кардааст.

Филми синамоии «Моҳӣ дар шаст», 30 шаҳривармоҳи соли ҷорӣ бо ҳузури Паймони Ҷибилӣ, раиси Созмони садо ва симо; Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Низомиддини Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, ҳамчунин авомилу бозигарони ин филм, ҷамъе аз ҳунармандони синамо ва телевизион, мудирону коркунони расонаи миллӣ дар маркази ҳамоишҳои байналмилалии Садо ва симо рӯнамоӣ шуд ва авоили меҳрмоҳи ҷорӣ нахустин экрони ҷаҳониашро дар бахши «понарамо»-и 30-умин Ҷашнвораи байналмилалии филми «Шилингел»-и Олмон таҷриба кард.

Авомили тавлиди «Моҳӣ дар шаст» умдатан тоҷикистонианд ва мароҳили пасотавлиди он назири тадвин, садогузорӣ, оҳангсозӣ, ислоҳи рангу нур ва ғайра ба дасти ҳунармандони эронӣ анҷом шудааст.

Дигар авомили филм иборатанд аз таҳиякунандагони аршад: Эҳсони Кова, Ҳамидризо Рӯҳонӣ, Ҳусайни Ҳамадонизода, мушорикаткунандагон: Шабакаи «IFilm» муовинати бурун марзии Садо ва симо ва ширкати шитобдиҳандаи «30CUP»  (аз Эрон) ва ширкатҳои филмсозии «Довфилм» ва Тоҷикфилм (аз Тоҷикистон), коргардони ҳунарӣ: Валерий Аҳадов, мудири филмбардорӣ, Имоди Худобахш, оҳангсоз, Фарддун Халъатбарӣ, садогузор, Ораши Қосимӣ, тарроҳи саҳна ва декор, Лутфлло Неъматов, чеҳрапардоз, Манижа Холова, мудири саҳна, Фариддун Музаффарзода, сарпарасти ҷилваҳои вижа, Таҳмина Аскарӣ, умури байналмилал ва бозорёбӣ, Фотимаи Ҷавоҳирсоз, мушовири расонаӣ.