Январ 23, 2017 13:53 Asia/Dushanbe
  • Мушаххас шудани барномаи музокироти сулҳи Сурия дар Остона

Ҳайъатҳои Эрон, Русия ва Туркия дар нишасти сеҷонибаи Остонаи Қазоқистон, дар бораи барномаи музокира бо мухолифони мусаллаҳ ва ғайримусаллаҳи сурӣ тавофуқ карданд.

Ба иттилои Ирно, бар асоси ин тавофуқ, ки дар нишасти рӯзи якшанбеи ин ҳайъатҳо ба даст омад, намояндагони гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи сурӣ дар музокироти Остона ҳузур меёбанд ва гурӯҳҳои мухолифи сиёсии ғайримусаллаҳ низ дар нишасти оянда ширкат мекунанд.

Дар музокироти ду рӯзаи ҳалли сиёсии буҳрони Сурия дар Остона, ки рӯзҳои 24-23 январ барпо мешавад, ҳафт тараф шомили давлату мухолифони Сурия, Русия, Эрон ва Туркия ҳамчунин сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва намояндаи вижаи Созмони милали муттаҳид дар умури Сурия Стаффан де Мистура ҳузур доранд.

Нишасти Остона муқаддамае барои аз саргирии музокироти мутаваққифшудаи сулҳ дар Женева аст, ки бар асоси барномаи эъломшуда ҳаштуми феврал бо назорати Созмони милали муттаҳид дар Женева оғоз хоҳад шуд.

Стаффан де Мистура, намояндаи вижаи Созмони милали муттаҳид дар умури Сурия рӯзи якшанбе дар Остона гуфт: Иқдоми Эрон, Русия ва Туркия ба унвони се кишвари дорои нуфуз бар тарафҳои даргир дар Сурия барои баргузории ин нишаст, гоми муҳимест ва мушаххас хоҳад кард, ки оё ин нишаст метавонад ба ҳифзи оташбас дар Сурия кумак кунад ё хайр.

Роман Василенко, муовини вазири умури хориҷаи Қазоқистон низ аз ҳузури ҳудуди 15 гурӯҳ аз мухолифони Сурия дар музокироти Остона хабар доду афзуд: “Ҳеч як аз ин гурӯҳҳо намояндагии тамомии гурӯҳҳои мухолифро бар уҳда надорад ва ҳеч сарпарасте барои мухолифони мусаллаҳи Сурия мушаххас нашудааст”.  

 

Барчасп