Январ 23, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • Поёни даври нахусти музокироти  Остона дар бораи Сурия

Бо поёни даври нахусти музокироти сулҳи Сурия дар Остона, ҳайатҳои ширкаткунанда маҳалли музокираро тарк карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, даври аввали музокироти сулҳи Сурия дар Остона-пойтахти Қазоқистон бо ҳузури ҳайатҳое аз Эрон, Русия, Туркия, давлати Сурия ва гурӯҳҳои мухолифин баъд аз 2 соат ба поён расид ва ҳайатҳо маҳалли ҷаласаро тарк карданд.

Музокироти ғайримустақими ҳайатҳои давлати Сурия ва мухолифон дар утоқҳои ҷудогона баргузор шуд ва изҳороти ҳайаҳтҳои эъзомӣ аз тариқи як миёнҷӣ ба якдигар мунтақил шуд.

Кайрат Абдраҳманов- вазири хориҷаи Қазоқистон бо истиқбол аз ҳузури тамоми тарафҳо дар Остона таъкид кард, ҳадафи ин нишаст бояд бозгардони сулҳ ва субот ба Сурия бошад.

Башор Ҷаъфрӣ- намояндаи Сурия дар Созмони милал ва раиси ҳайати давлат ҳам дар ин музокирот таъкид кард, ҳадафи нишасти Остона, барқарории оташбаси фарогир ва поён додан ба даргириҳо дар Сурия, албатта ба ҷуз барои гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла «ДИИШ» ва «Ҷабҳаи Аннусра» аст.

Ҳусайн Ҷобири Ансорӣ-муовини арабӣ-Африқоии вазири хориҷаи Эрон ва раиси ҳайати Эрон дар нишасти Остона низ бо таъкиди муҷаддад бар лузуми ҳифзи тамомияти арзӣ ва истиқлоли Сурия, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то аз интиқоли таслиҳот ба террористҳои Сурия ҷилавгирӣ кунад.