Январ 24, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи дувуми музокироти Остона; нишасти Эрон, Русия ва Туркия

Эрон, Русия ва Туркия субҳи имрӯз дар дувумин рӯзи музокироти сулҳи Сурия дар Остона, пойтахти Қазоқистон, равишҳову имконоти лозимро барои назорат бар оташбас ва тарки даргириҳо дар Сурия баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, қарор аст ин се кишвар камиссиюне барои назорат бар оташбас ташкил кунанд.

Музокироти Остонаи Қазоқистон дар бораи Сурия аз соати 10-и субҳ ба вақти маҳаллӣ бо баргузории чанд дидори дуҷониба байни ҳайатҳои ширкаткунанда, вориди рӯзи дувум шудааст.

Қарор аст, баёнияи муштараки иҷлос, ки ба таъйиду тасвиби Эрон, Русия ва Туркия расидааст, соати 14 ба вақти маҳаллӣ, тавассути Стефан де Мистура, бо ҳузури раисони ҳайатҳои ширкаткунанда қироат шавад.