Январ 28, 2017 15:30 Asia/Dushanbe
  • Таъкид ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии Душанбе ва Ашқобод хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ки дар раъси як ҳайати олирутбаи сиёсию иқтисодӣ ба Туркманистон сафар кардааст, ба азми ҷиддии Душанбе ва Ашқобод барои густариши ҳарчи бештари муносиботи ҳамаҷониба таъкид кард. Усмоналӣ Усмонзода бо ишора ба баргузории ҳафтумин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Туркманистону Тоҷикистон дар Ашқобод гуфт, дар ин иҷлоси дурӯза раванди феълии равобити дуҷониба ва низ дурнамои муносиботи иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ ва инсонии ду кишвар баррасӣ шуд. Усмонзода афзуд, дар Тоҷикистону Туркманистон зарфиятҳои фаровоне барои афзоиши додугирифти бозаргонӣ, иҷрои тарҳҳои муштараки иқтисодию тиҷорӣ, мубодилаи энержӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ, донишгоҳӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ вуҷуд дорад, ки фаъолсозии ниҳоду вазоратҳои ду кишвар дар ин замина зарурӣ аст.

Ҳамакнун ҳаҷми мубодилот байни Ашқободу Душанбе чандон зиёд нест ва Тоҷикистон бештар аз Туркманистон маҳсулоти нафтию нассоҷӣ харидорӣ ва ба ин кишвар хушкбору таҷҳизоти саноатӣ содир мекунад.