Январ 31, 2017 19:15 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон

Фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар наздикии шаҳри Бишкек, барои 15 соли дигар тамдид шуд.

Бар асоси ин тавофуқномаи ҳамкории низомӣ байни Маскав ва Бишкек, ҳамаи воҳидҳои низомии Русияро, ки дар қаламрави Қирғизистон қарор доранд, дар бармегирад.

Дар воқеъ бо тамдиди ин тавофуқномаи ҳамкории низомии Русия ва Қирғизистон бо вуҷуди пешинаи худ дар чаҳорчӯби ҳуқуқӣ таъриф хоҳад шуд ва ин яке аз вижагиҳои мутафовити ин тавофуқнома дар муқоиса бо дигар тавофуқҳои ҳамкориҳои низомии ду кишвар аст. Аз тарафе вижагии дигари тавофуқномаи тамдиди ҳамкории низомии 15 солаи ду кишварро бояд дар моҳияти ин ҳамкорӣ ҷустуҷӯ кард. Ба хусус, ки ин тавофуқ ба маънои афзоиши неруҳои низомии рус нест, балки тибқи ин ҳамкорӣ ҳамаи воҳидҳои низоми Русия дар Қирғизистон аз ҷумла фурудгоҳи низомии шаҳри Кант, маркази иртиботӣ бо нируҳои низомии рустои Чалдовар, маркази таҳқиқоти дарёӣ дар устони “Исиқ-кул” ва як пойгоҳи кӯчак дар минтақаи Майлисӯ дар сохтори ҷадид, ба унвони як воҳиди низомӣ ба шумор мераванд ва ин мутафовит аз тавофуқномаи тамдиди ҳузури низомёни рус дар пойгоҳи Канти Қирғизистон аст, ки фаъолияти низомии Русия дар ин пойгоҳро то соли 2032 тамдид ва тазмин кардааст.

Ба иборати дигар ончи тайи солҳои ахир бистари ҳузури низомии Русияро дар Қирғизистон фароҳам кард, тасмими апрели соли 2013 Думои Русия буд, ки тавофуқномаҳои марбут ба афзоиши ҳамкорӣ ва ҳузури низомии ин кишварро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон тасвиб кард. Пас аз он буд, ки Маскав ҳузури низомии худро дар ин ду ҷумҳурӣ дар қолаби истиқрор дар пойгоҳи Канти Қирғизистон, то соли 2032 ва ҳузури лашкари 201 дар Тоҷикистон, то соли 2042 тамдид кард.

Тавофуқҳое, ки бавижа дар мавриди Қирғизистон шомили эъто ва ирсоли кумакҳои низомӣ аз ҷумла таҷҳизоти низомӣ, дифои ҳавоӣ ва таҷҳизоти ҳамлу нақли ҳавоӣ, нафарбари зиреҳӣ ва силоҳҳои дифои ҳавоӣ, муҳиммот ва силоҳҳои кӯчак ва ҳавопаймоҳои низомӣ низ мешавад. Нигоҳе ба тайфи ин кумакҳо нишон диҳандаи аҳдофи кӯтоҳ ва баландмуддати Русия аз ҳузури низомӣ дар минтақа ва низ тамоюли ҷумҳуриҳои Осёи Марказӣ аз ҷумла Қирғизистон ба ҳамкорим низомӣ бо Русия аст.

Дар ин чаҳорчӯб агар то кунун аҳдофи кӯтоҳмуддати Русия аз ҳамкории низомӣ ва амниятии дуҷониба ба фарохури таҳаввулоти минтақаӣ дар ноамниҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва маводи мухаддир хулоса мешуд, акнун сайри таҳавулоти ҷории минтақаӣ ҳикоят аз таҳдиҳои бузургтар, васеътар ва албатта созмонёфтатаре дар муқоиса бо гузашта дорад. Фаъолияти гурӯҳҳои такфирӣ ва ифиротӣ дар сатҳи минтақа аз Афғонистон гирифта то ҷумҳуриҳои Осёи марказӣ бахше аз ин таҳдидҳо аст. Зимни ин ки муодилоти назири ихтилофоти Русия бо Ғарб дар хусуси Украина, илова бар зарурати ёргирҳои минтақаии Маскав, дар ростои аҳдофи кӯтоҳмуддати Русия аз ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ бо кишварҳои минтақа қарор мегирифт.

Дар сиёсати хориҷии Русия, манотиқи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва албатта ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳод Шӯравӣ, ҳамвора ҷойгоҳи вижае доштаанд. Кишварҳое, ки Маскав аз инҳо ба унвони кишварҳои хориҷи наздик, ном мебурд ва ҳифзи муносиботи Русия бо ин кишварҳо дар садри авлавиятҳои Маскав қарор дошта ва дорад. Зимни ин ки Русия ҳамчунон дар пайи фазои байналмилалии ҷадиде аст, то битавонад зимни ҳифз, тақвият ва бозтаърифи муносиботи худ бо бозигарони арсаи байналмилал дасти бартарро дар муодилоти қудрат ва сиёсат дар ҷомеаи байналмилалӣ дошта бошад. Рӯйкарде, ки мақомҳои Маскав гомҳои аввалияи онро дар ҳифзи ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ бо ҷумҳуриҳои Осёи Марказӣ ва Қафқоз бардоштанд ва акнун дар пайи ироаи таърифҳои ҷадид аз ин ҳамкориҳо дар қолабҳои навин ҳастанд. Тамдиди тавофуқномаи ҳузури низомии Русия дар Қирғизистон ва Тоҷикистон, то солҳои 2032 ва 2042 ва акунун низ додани моҳияти ҳуқуқӣ ба ин ҳамкориҳо бо тамдиди ҳамкории низомии 15 сола бо Қирғизистон, дар ҳамин чаҳорчӯб  қобили арзёбӣ аст.