Феврал 05, 2017 12:21 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус: Масири транзити маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ тағйир мекунад

Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки қочоқчиёни маводи мухаддири тоҷикистонӣ ба думболи тағйири масирҳои худ аз Осиёи Марказӣ ба сӯи Эрон ва Туркия ва дар ниҳоят ба Аврупо ҳастанд.

Ба гузориши сойти радиои “Русия имрӯз”, Дмитрий Александров-корманди бахши Осиёи Марказӣ дар пажӯҳишгоҳи умури роҳбурдии Русия гуфтааст, ба далели ташдиди мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа, акнун қочоқчиён талош мекунанд масири худро аз Афғонистон ба сӯи Эрон, Туркия, Қафқоз ва Аврупо тағйир диҳанд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин раванд шаҳрвандони тоҷикистоние, ки солҳои зиёде ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба дохили кишварҳои Осиёи Марказӣ машғул будаанд, мушорикати фаъол доранд, зеро ин афрод масирҳои камхатар ва камҳазинаи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба дохили Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ху мешиносанд.

Ахиран Шерхон Салимзода, раиси Оҷонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон таъкид карда буд, ки далели коҳиши кашфу забти маводи мухаддир дар соли 2016, дар ин кишвар тағйири масири интиқоли ин мавод аз Афғонистон ба сӯи Эрон ва Туркия аст, ки шаҳрвандони тоҷик низ дар ин амр даст доранд.

Ба гуфтаи Салимзода дар соли гузашта, кормандони ин ниҳод ба ҳамроҳи дигар нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон, 13 маврид амалиёти муштарак бо нерӯҳои мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои ҳамсоя баргузор карда, наздик ба 350 килограмм маводи мухаддири воридотӣ аз Афғонистонро кашфу забт кардаанд.

Барчасп