Феврал 13, 2017 15:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши байналмилалии зидди инҳисоргароииӣ Авруосиё дар Қазоқистон баргузор мешавад

Намояндаи расмии хадамоти марказии иртибототи Қазоқистон аз баргузории ҳамоиши байналмилалии зидди инҳисоргароии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ин кишвар хабар дод.

Ба иттилои Форс, Мурод Жумонбой, намояндаи расмии хадамоти марказии иртибототи Қазоқистон дар як конфронси матбуотӣ гуфт, рӯзҳои 16-17 феврали 2017 Ҳамоиши байналмилалии зидди инҳисоргароииӣ дар шаҳри Алмаато баргузор мешавад .

Вай афзуд, ин ҳамоиш бо ҳадафи эҷоди фазои рақобатии солим дар байни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор мешавад .

Жумонбой ҳамчунин гуфт, дар ин ҳамоиш намояндагони додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Комиссияи иқтисодии Авруосиё, сохторҳои зидди инҳисоргароии кишварҳои узв ва коршиносони илмӣ ва иқтисодӣ ширкат мекунанд .

Ба гуфтаи намояндаи хадамоти марказии иртибототи Қазоқистон, дар ин ҳамоиши тамоми масоили марбут ба эҷоди фазои рақобатии солим дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз ҷумла шиносоӣ ва ҳазфи абъоди мухталифи султагароӣ мавриди баҳсу табодули назар қарор мегирад .

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст .

Дар чорчуби ин иттиҳодия, аъзои он мувофиқати худро бо мубодилаи озоди коло, сармоя, нерӯи кору хадамот дар марзҳои Авруосиё эълом кардаанд. Аъзои Авруосиё ҳамчунин эълом кардаанд, ки сиёсати муштараке дар заминаи энержӣ, санъат, кишоварзӣ ва васоили нақлия хоҳанд дошт .