Кӯмаки 15 миллион долларии Вашингтон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ
Вазири хориҷаи Амрико дар нишасти муштараки худ бо вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Вашингтон, аз кӯмаки 15 миллион долларии ин кишвар барои иҷрои 5 тарҳ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин нишаст, ки дар қолаби гурӯҳи С5+1 ташкил шуд, Ҷон Керрӣ-вазири умури хориҷаи Амрико омодагии кишварашро барои ихтисоси 15 миллион доллар ба манзури ҳимоят аз ҳамкории Вашингтон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ эълом кард.
Ҷон Керрӣ гуфт, музокироти қаблӣ, алоқамандӣ барои тақвияти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Вашингтон дар сатҳи давлатиро нишон дод, ки дар оянда ин ҳамкориҳо афзоиш хоҳад ёфт.
Вай ибрози умедворӣ кард, ки равобити Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳавзаи мубориза бо терроризм, тиҷорат, сармоягузорӣ, иқтисод ва энержӣ бо тарроҳии ибтикороти ҷадид афзоиш ёбад.
Муҳимтарин мавзуи ин дидор, мубориза бо терроризм ва баррасии шеваҳои ҳамкории муштарак дар ин замина буд.
Дар ин дидор ҳамчунин қарор шуд, то Амрико дар ироаи таҷҳизоти дастгоҳҳои тавлиди энержии таҷдидпазир ба кишварҳои Осиёи марказӣ кӯмак кунад.