Ҷашни Миллии Парчам дар Туркманистон
Ҷашни рӯзи миллии Парчам дар саросари Туркманистон бо ҳузури мардуму мақомоти олирутбаи ин кишвар баргузор шуд.
Мардум ва давлати Туркманистон ҳар сол 19-уми февралро ба унвони Рӯзи парчам, бо барпоии маросиму оинҳои хос гиромӣ медоранд.
Ҷашни миллии парчам ба унвони намоди истиқлол, ваҳдат ва ҳокимияти миллии Туркманистон имрӯз тавассути давлат ва мардуми ин кишвар ҷашн гирифта шуд.
Ба муносибати рӯзи парчами миллии Туркманистон барномаҳои мухталиф, ба вижа консерти мусиқӣ, намоишгоҳи саноеи дастӣ, мусобиқоту бозиҳои суннатӣ ва миллӣ, намоишгоҳи парчаму фарши дастбофи туркманӣ ва мусобиқоти асбдавонӣ бо ҳузури мақомоти олирутбаи давлати Туркманистон ва ақшори мухталифи мардум, дар ҷойгоҳҳои мушаххас дар шаҳри Ишқобод ва марокизи устонҳову шаҳрдориҳо ба иҷро даромад.
Давлати Туркманистон пештар парчами бузургеро ба абъоди 52,5 дар 35 метр ба вазни ҳудуди 400 килограм, бар баландии милае махсус ба иртифои 133 метр дар маркази шаҳри Ишқобод барафрошт, ки дар китоби рекордҳои “Гиннес” низ сабт шудааст.
Расоонаҳои миллии Туркманистон, радиову телевизион ва матбуоти ин кишвар бо пахши барномаҳои рангоранг, зимни гиромидошти ин рӯз, паёми табрикии раиси ҷумҳурии ин кишварро хитоб ба мардуми Туркманистон мунташир карданд.
Маросими ҷашни Рӯзи парчам аз соли 1995 дар канори ҷашнҳои расмии миллӣ, ҳамчун Рӯзи истиқлол ва Рӯзи бетарафӣ дар Туркманистон гиромӣ дошта мешавад.
Парчами миллии Туркманистон дар 19 феврали соли 1992 тасвиб шуд ва аз он лаҳза намоди расмии ҷумҳурии Туркманистон аст.