Кӯмаки 3.5 миллиард долларии Маскав ба кишварҳои Осиёи Марказӣ
(last modified Sat, 25 Feb 2017 12:23:22 GMT )
Феврал 25, 2017 17:23 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки 3.5 миллиард долларии Маскав ба кишварҳои Осиёи Марказӣ

Коршиноси иқтисодии рус гуфт, Маскав тайи 7 соли ахир беш аз 3.5 миллиард доллар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак кардааст, ки саҳми Қирғизистон аз ин кӯмакҳо 375 миллион доллар будааст.

Сергей Масоулус коршиноси иқтисодии рус дар конфронси байналмилалии «Русия- Қирғизистон, мушорикатҳои оянда дар ҳавзаи амният, иқтисод ва кӯмакҳои башардӯстона» гуфт, Маскав 375 миллион доллар дар 7 соли ахир ба Қирғизистон кӯмак кардааст.

Вай афзуд, дар соли 2014 теъдод 6.4 миллион шаҳрванди Осиёи Марказӣ, вориди Русия шуданд, зимни ин ки дар ҳамин сол низ вуҷӯҳи ирсолии 11.7 дарсад аз тавлиди нохолси дохилии Узбакистон, 49 дарсад аз тавлиди нохолси дохилии Тоҷикистон ва 31.5 дарсад аз тавлиди нохолси Қирғизистонро ташкил дод.

Вай гуфт, аз соли 2008 то октябри соли 2015 Русия, 5.6 миллиард доллар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак кардааст.

Ин коршинос идома дод, Русия беш аз 3.5 миллиард доллар ба таври 2 ҷониба, беш аз 570 миллион доллар аз тариқи Созмони Милали Муттаҳид, беш аз 1.3 миллиард доллар аз тариқи Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва болиғ бар 592 миллион доллар дар чорчӯби бунёди зидди буҳрони Иттиҳоди иқтисодии Евразия, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак кардааст.

Вай афзуд, беш аз 100 ҳазор фориғ‎утаҳсили донишгоҳ ҳарсола дар Қирғизистон вориди бозори кор мешаванд.

Вай тасреҳ кард, дар 13 феврали 2017 проектҳое дар заминаи санъати сохтусоз, ҳамлу нақл ва масоили низомӣ дар чорчӯби Бунёди тавсеаи Русия ва Қирғизистон ба арзиши 202 миллион доллар тасвиб шудааст.

Ин проектҳо дар тамоми манотиқи Қирғизистон, ба хусус дар Бишкек, Ҷалолобод ва вилояти Уш иҷро мешаванд.

Вай тасреҳ кард, вуҷӯҳи ирсолӣ аз Русия ба Қирғизистон дар соли 2011, як миллиону 386 ҳазор доллар, дар соли 2012 як миллиону 682 ҳазор доллар, дар соли 2013, 2 миллиону 113 ҳазор доллар, дар соли 2014, 2 миллиону 239 ҳазор доллар, дар соли 2015 як миллиону 514 ҳазор доллар ва дар 6 моҳи аввали соли 2016, 699 ҳазор доллар баровард шудааст.

Дар ин конфронс намояндагони парлумони Қирғизистон, аз ҷумла ҳизби ҳоким, Ҳизби сотсиал-демократ ва коршиносони Қирғизистон ва Русия ҳузур доштанд.