Дидори ғайрирасмии Путин ва Назарбоев дар лижаронӣ
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин сафараш ба Қазоқистонро як рӯз пеш аз нақша оғоз карда, рӯзи якшанбе дар канори Алма-Ато бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев лижаронӣ кардааст.
Ба иттилои сайти Ахбор, Владимир Путин боздидаш аз Қазоқистонро як рӯз қабл аз нақшаи эълоншуда оғоз кардааст. Дмитрий Песков, сухангуи раисиҷумҳури Русия гуфт, Путин ва раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи якшанбе, 26 феврал дар як осоишгоҳ дар канори шаҳри Алма-Ато рӯзи дароз лижаронӣ карда ва дар як шароити ғайрирасмӣ бо ҳам мулоқот кардаанд.
Макони ин мулоқоти ғайрирасмӣ ва лижаронии раҳбарони аввали Қазоқистону Русия гуфта намешавад, вале хабаргузориҳо менависанд, ки вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон эълон карда буд, ки осоишгоҳи Шимбулоқ дар канори Алма-Ато рӯзи 26 феврал ба далели "хатари фаромадани тармаҳо” баста мешавад.
Мулоқоти расмии Путин ва Назарбоев рӯзи 27 феврал низ дар Алма-Ато доир мешавад.
Кремл қаблан гуфта буд, ки Путин рӯзи 27 феврал аз Қазоқистон боздид мекунад. Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия се рӯз пеш гуфт, азбаски танҳо дар як соли охир Путин ва Назарбоев алакай 8 маротиба бо ҳам дидор доштаанд, боздиди кунунии Путин аз Қазоқистон ҳамагӣ чанд соат давом хоҳад кард ва ӯ шоми 27 феврал аз инҷо ба Душанбе ба дидори ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон хоҳад рафт.
Кремл мегӯяд, Владимир Путин рӯзҳои 27-28 феврал аз се кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон боздид мекунад. Ин сафар, ба гуфтаи мақомоти Русия, ба солгарди 25-уми истиқрори равобити дипломатии Русия бо ин кишварҳо бахшида шудааст.