Ҳушдори раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба мухолифони ҳукумати ин кишвар
(last modified Tue, 28 Feb 2017 10:10:18 GMT )
Феврал 28, 2017 15:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба мухолифони ҳукумати ин кишвар

Дар пайи таҷаммӯи мухолифони ҳукумати Бишкек, раиси ҷумҳурии Қирғизистон аз ташдиди бархурд бо шаҳрвандоне, ки қонунҳои ин кишварро нақз мекунанд, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии ин кишвар рӯзи душанбе дар дидори намояндагони ҷунбишҳои иҷтимоӣ гуфт, таҷаммӯҳои эътирозомез зидди давлати Қирғизистон аз сӯйи мухолифон ҳеҷ таъсире надорад ва бо ҳар кас, ки қонунҳои ин кишварро нақз кунад, бархурд хоҳад шуд.

 Тарафдорони раҳбари мухолифони давлати Қирғизистон рӯзи душанбе бо таҷаммӯъ дар майдони марказии шаҳри Бишкек эълом карданд то замоне, ки Омурбек Токобоев аз зиндон озод нашавад, ба эътирози худ идома хоҳанд дод.

Омурбек Текебоев рӯзи якшанбе баъд аз бозгашт аз маҷмаи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз сӯйи маъмурони амниятии Қирғизистон дар фурӯдгоҳи Бишкек боздошт шуд.

Давлати Қирғизистон иллати боздошти ин раҳбари мухолифонро ришвахорӣ эълом кардааст.