Тохти аспи асили туркман барои сабт дар ЮНЕСКО
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i14448-Тохти_аспи_асили_туркман_барои_сабт_дар_ЮНЕСКО
Раисиҷумҳури Туркманистон ба мақомоти фарҳангии ин кишвар дастур дод, то барои сабти аспи асили туркман, дар феҳристи мероси ҷаҳонии «ЮНЕСКО» иқдом кунанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 11, 2017 17:05 Asia/Dushanbe
  • Тохти аспи асили туркман барои сабт дар ЮНЕСКО

Раисиҷумҳури Туркманистон ба мақомоти фарҳангии ин кишвар дастур дод, то барои сабти аспи асили туркман, дар феҳристи мероси ҷаҳонии «ЮНЕСКО» иқдом кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадофов- раисиҷумҳури Туркманистон дар ҷаласаи ҳайати давлати ин кишвар, гуфт, апби асили туркман, машҳур ба аспҳои «охол тикка» ҷузъи беҳтарин аспҳои дунёст ва бояд ба сабти ҷаҳонӣ бирасад.  

Бердимуҳаммадофов ҳамчунин дастур дод, аъзои давлати Туркманистон пешниҳодҳо ва тарҳҳои ҷадиди худро дар заминаи таъсиси маркази ҷадиди илмӣ ва таҳқиқотӣ ё мадрасаи омӯзиши олӣ барои тавсеаи санъати парвариши аспи асили туркман таҳия ва ба ҳайати давлат ироа кунанд. Туркманистон содироти аспи асили туркманро ба хориҷ аз ин кишвар мамнуъ аст.

Аспи туркман пешинае тӯлонӣ дар зиндагии саҳронишинӣ ва таърихи ҷангҳои Туркманистон доштааст.

Давлати Туркманистон аспи асили туркманро яке аз арзишҳои миллии ин кишвар баршумурда ва ҳамасола дар охирин якшанбеи моҳи апрел барои бузургдошти он, ҷашни миллӣ баргузор мекунад.

Давлати Туркманистон дар солҳои ахир беш аз 10 муҷтамаи модерни аспро бо мушорикати фаъоли ширкатҳои хориҷӣ дар саросари ин кишвар сохтааст.