Интиқоди тунди Назарбоев аз изҳороти Атамбаев
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i14756-Интиқоди_тунди_Назарбоев_аз_изҳороти_Атамбаев
Раисҷумҳури Қазоқистон дар вокуниш ба суханони ҳамтои қирғизии худ мабнӣ бар баста шудани марзи ду кишвар ва кушта шудани теъдоде аз шаҳрвандони Қирғизистон дар соли 2010 гуфт: Изҳороти раисҷумҳури Қирғизистон дар остонаи интихоботи ин кишвар ҷанбаи таблиғотӣ дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 18, 2017 11:40 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди тунди Назарбоев аз изҳороти Атамбаев

Раисҷумҳури Қазоқистон дар вокуниш ба суханони ҳамтои қирғизии худ мабнӣ бар баста шудани марзи ду кишвар ва кушта шудани теъдоде аз шаҳрвандони Қирғизистон дар соли 2010 гуфт: Изҳороти раисҷумҳури Қирғизистон дар остонаи интихоботи ин кишвар ҷанбаи таблиғотӣ дорад.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон дар суханоне дар вокуниш ба изҳороти моҳи феврали Алмазбек Атамбаев, раисҷумҳури Қирғизистон дар бораи талафоти ношӣ аз баста шудани марзи ду кишвар афзуд: Изҳороти раисҷумҳури Қирғизистон дар равобити бародаронаи ду миллати қаззоқ ва қирғиз ҳеч таъсире нахоҳад гузошт .

Назарбоев бо таъкид бар инки мақомоти кишварҳо дар суханрониҳо ва изҳороти худ бояд баъзе мулоҳизотро риоят кунанд, тасреҳ кард: Руасои ҷумҳур ва раҳбарони кишварҳо тағйир мекунанд, аммо мардум боқӣ мемонанд, аз ин рӯ набояд таваҷҷуҳи зиёде ба чунин изҳороте дошт .

Раисҷумҳури Қазоқистон иллати баста шудани марзи кишвараш бо Қирғизистон дар соли 2010-ро бесуботиҳои сиёсӣ дар Бишкек унвон карду гуфт: Он замон дар кудатое раисҷумҳури машруи Қирғизистон сарнагун шуд ва теъдоди зиёде аз зиндониён аз зиндонҳо озод шуда буданд ва агар Остона марзи худро бо Бишкек намебаст, ҳамаи онҳо ба Қазоқистон ворид мешуданд .

Назарбоев таъкид кард, ки агар дар оянда низ чунин вазъияте такрор шавад, боз ҳам марзро хоҳем баст .

Вай ёдовар шуд, ки Қирғизистон танҳо он замоне ором шуд, ки Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури сарнагуншудаи Қирғизистон ба Қазоқистон интиқол ёфт .