Апрел 06, 2017 20:58 Asia/Dushanbe
  • Сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон ба Русия

Шавкат Мирзоев, раисҷумҳури Узбакистон дар нахустин сафари расмии хориҷии худ ба Русия сафар кард.

Бино ба даъвати расмии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Шавкат Мирзоев, раисҷумҳури Узбакистон ба Маскав сафар кард. Вай пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон дидор аз Русия ва гуфтугӯ бо ҳамтои руси худ ва дигар мақомҳои олирутбаи ин кишварро баргузидааст .

Қарор аст, дар ҷарёни сафари ду рӯзаи Мирзоев ба Русия 16 санади ҳамкории иқтисодӣ ба имзои мақомҳои ду кишвар бирасад .

Интихоби Русия ба унвони нахустин кишвари хориҷии раисҷумҳури Узбакистон, барои ин кишвар ҳоизи аҳаммияти зиёдест. Дар ваҳлаи нахуст, ин сафар нишондиҳандаи ҷойгоҳи Русия дар сиёсати хориҷии Узбакистон аст. Дар айни ҳол, ин сафар аҳаммияти Русияро барои ҳамкориҳои отии Тошканду Маскав нишон медиҳад. Дар муқобил бояд гуфт, бо таваҷҷуҳ ба инки, Узбакистон пурҷамъияттарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ аст, ҳифзу тақвияти робитаи Русия бо ин кишвар, барои Маскав аз аҳаммияти зиёде бархурдор аст .

Ногуфта намонад, ки охирин дидори Шавкат Мирзоев ва Владимир Путин, руасои ҷумҳури Узбакистону Русия дар рӯзи 6 сентябри гузашта дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд.

Муруре бар сиёсати хориҷии Узбакистон дар даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов нишон медиҳад, ки равобити ин кишвар умдатан ба сурати муаллақ миёни Русия ва ғарб ҷарён дошт. Дар воқеъ бояд гуфт: Узбакистон дар паи мувозина миёни Русия ва ғарб буд, то битавонад қудрати чоназании худро дар муодилоти минтақаӣ ва байналмилалӣ афзоиш диҳад. Ин сиёсат, ки то замони ҳаёти Ислом Каримов идома дошт, ҳечгоҳ аҳдофу хостаҳои давлатмардони Тошкандро таъмин накард.

Бо рӯи кор омадани Шавкат Мирзоев, Узбакистон сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро тағйир додааст. Ҳамонгуна, ки Мирзоев сиёсати дохилии Узбакистонро дигаргун кард, ба ҳамон сурат низ сиёсати хориҷии Узбакистон дигаргун шудааст. Дар ин шароит ба назар мерасад, агар Русия ба ниёзҳои Узбакистон посухи мусбат диҳад, бидуни шак, Узбакистон ба муттаҳиди аслии Русия табдил хоҳад шуд. Дар ғайри ин сурат баъид нест, ки Узбакистон ба домони ғарб биафтад ва бори дигар ба сиёсати мувозина миёни Амрикову Русия рӯй оварад .