Апрел 13, 2017 10:58 Asia/Dushanbe
  • Неъматуллоҳ Мирсаидов гуфт, решаи рушди тафаккури ифротигарӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фақру бекорӣ ва афзоиши фишор ба мусалмонони миёнарав аст.
    Неъматуллоҳ Мирсаидов гуфт, решаи рушди тафаккури ифротигарӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фақру бекорӣ ва афзоиши фишор ба мусалмонони миёнарав аст.

Коршиноси тоҷики масоили минтақа муътақид аст, ки террористҳои такфирие назири аъзои ДИИШ дар сурати бозгашт ба кишварҳои худ, метавонанд барои амнияти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хатарнок бошанд.

Ба гузориши сомонаи “Сabar.asia”, Неъматуллоҳ Мирсаидов гуфтааст, ки решаи рушди тафаккури террористӣ ва ифротигарӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мавҷуд аст ва авомили ҷазби нерӯ барои гурӯҳи ДИИШ аз ин масоил истифода мекунанд.

Аз дидгоҳи вай, вуҷуди фақр ва бекорӣ, идомаи буҳрони иқтисодӣ, афзоиши фишор ба мусалмонони миёнарав, шиддати бархурди мақомоти амниятӣ бо афроди мазнун, табъиз ва беадолатӣ ва ихтилофоти қавмӣ ва нажодӣ заминаи рушди тафаккури террористиро фароҳам месозад, ки мубаллиғони ДИИШ ин мавзӯотро баҳонаи ҷазби ҷавонони ноогоҳ ба сафҳои ин гурӯҳи такфирӣ қарор додаанд.

Ин коршиноси тоҷик таъкид мекунад, ки набояд хатари бозгашти эҳтимолии аъзои ДИИШ аз Сурия ва Ироқ ба кишварҳоишон, аз ҷумла Тоҷикистонро нодида гирифт.

 Аз дидгоҳи вай, ихтилофоти марзӣ, баҳс бар сари наҳваи истифода аз манобеи обу энержӣ, фақру бекорӣ ва норизоятӣ аз нотавонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли мушкилоти иқтисодии мардум монанди оташ зери хокистар аст, ки ин мавзӯъ метавонад аз сӯйи гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ ба унвони баҳонае барои иқдомоти тахрибкоронаи ин гурӯҳҳо алайҳи ҳукуматҳояшон мавриди истифода қарор гирад.

Ин дар ҳоле аст, ки набуди заминаи ошноии насли ҷавон бо маорифи исломии саҳеҳ бар асари фишори давлатҳо ба мусалмонон, гурӯҳҳо ва афродеро дар дохили ҳар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба андешаҳои ифротие савқ медиҳад, ки омодаи кӯмак ба гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд.