Апрел 18, 2017 11:07 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Узбакистон роҳҳалли созанда барои буҳрони обро хостор шуд

Вазири умури хориҷаи Узбакистон гуфтугӯҳои созанда ва ёфтани роҳҳалли мавриди пазириши тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро барои поён додан ба ихтилофот бар сари истифода аз манобеи оби минтақа хостор шуд.

Ба иттилои Ка-Ниюз, Абдулазиз Комилов дар нишасти хабарии ахираш дар бошгоҳи матбуоти Тошканд , пазириши пешниҳодоти Созмони милали муттаҳид дар заминаи наҳваи истифода аз захоири оби рудхонаҳои Осиёи Марказӣ аз сӯи 5 кишвари минтақаро хостор шуд .

Вай гуфт, ба зудӣ дафтари минтақаии дипломатии пешгиронаи Созмони милали муттаҳид дар Ишқободи Туркманистон тарҳи наҳваи истифода аз захоири оби рудхонаҳои Аму ва Сирро ба унвони ду манбаи муҳими ҳаётии сокинони Осиёи Марказӣ, барои баррасӣ ба 5 кишвари минтақа, Русия, Амрико, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои молии байналмилалӣ ирсол мекунад .

Абдулазиз Комилов ибрози умедворӣ кард, кишварҳои минтақа барои имзои созишномаи ҷомеи наҳваи истифода аз захоири оби рӯдхонаҳои Ам ва Сир иқдом кунанд, ки ин амр шомили роҳкорҳои мубтанӣ бар таҷрубаи байналмилалӣ дар ин замина мешавад .

Вай муътақид аст, ки ин раванд бисёр душвор хоҳад буд, аммо манофеи муштараки мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ иқтизо мекунад, ки ихтилофот канор гузошта шавад .

Қаблан давлати Узбакистон бо сохти нерӯгоҳҳои бузурги барқӣ-обӣ дар қаламрави ду кишвари болодаст (Тоҷикистону Қирғизистон) ба шиддат мухолифат нишон медод, аммо пас аз даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини ин кишвар дар моҳи сентябри соли 2016, Тошканд акнун аз сиёсати мухолифат бо идомаи такмили сохти ду нерӯгоҳоӣ барқӣ-обии Роғун дар Тоҷикистон ва Қанбарато дар Қирғизистон даст бардоштааст .