Апрел 26, 2017 19:43 Asia/Dushanbe
  • Баргузории даври ҷадиди барраси мувофиқатномаи ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои соҳили Хазар

Даври ҷадиди музокироти марбут ба пешнависи мувофиқатномаи ҷомеи ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷории 5 кишвари соҳилии Хазар дар Ишқобод баргузор шуд.

Дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Туркманистон зимни эъломи хабари баргузории даври ҷадиди музокироти марбут ба ҳузури намояндагони сиёсӣ ва коршиносии эъзомии кишварҳои Эрон, Русия, Қазоқистон, ҷумҳури Озарбойҷон ва Туркманистон эълом кард, дар ин давр аз музокирот абъоди мухталифи санад ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷории ин кишварҳо дар дарёи Хазар мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифт.

Ҳадаф аз таҳия ва тадвини ин мувофиқатнома, тавсеаи ҳамкориҳои густарда дар заминаи санъат, маъдан, энержӣ, зерсохт, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, гардишгарӣ, интиқол ва дониши фаннӣ, беҳдошт, дармон ва омӯзиш пизишкӣ, муҳити зист ва соири заминаҳои мавриди алоқаи тарафайн эълом шудааст. Қарор аст, санади ниҳои ин тавофуқҳо дар нишасти отии сарони кишварҳои соҳили дарёи Хазар ба имзои мақомоти ин кишварҳо бирасад.

Дарёи Хазар ба рағми бархурдорӣ аз манобеи нафту газ, ки аҳаммияте стратегӣ ба ин паҳнаи обӣ бахшидааст, аммо таъинкунандаи сарҳадоти марзҳои обии кишварҳои соҳили бузургтарин дарёчаи ҷаҳон аст ва ҳамин мавзуъ бар аҳаммияти ҳаргуна ҳамкории ин кишварҳо дар чаҳорчуби ҳамкории ду ва чандҷониба ва низ ҷамъии онҳо афзудааст.  

Ҳамин масъала аст, ки сабаб шуда, парвандаи таъини режими ҳуқуқии дарёи Хазар дар наздик ба рубъ қарни гузашта ҳамчунон мафтуҳ буда соя-равшанҳои худро ба ҳамкориҳои кишварҳои соҳилӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, амниятӣ, гумрукӣ, энержӣ ва сиёси таҳмил кунад. Аз ин рӯ тардиде нест, ки таъини режими ҳуқуқии мубтанӣ бар мулоҳизот, таваққуот ва интизороти мардуми кишварҳои соҳилӣ бо ҳадафи баҳраварии муштарак дар партави тазмини амният ин кишварҳо, бидуни имкони мудохилаи бозигарони хориҷӣ аз авлавиятҳо ва авлиёти нишастҳои мақомоти кишварҳои ҳошияи Хазар аст.

Изҳороти вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти ахир вузарои хориҷаи кишварҳои соҳили Хазар ва таъкиди вай бар инки рӯйкардҳои ҳалли масоили дарёи Хазар бояд ба шевае иттихоз шавад, ки аз раҳгузари тафкик миён манофеи зудгузар ва пойдор, манофеи баландмуддат, ҳамаҷониба ва ҷомее барои ин кишварҳо ба армуғон оварад, дар ҳамин росто қобили арзёбӣ аст.

Бар ин асос, улгуи таъини хутути миёнӣ бо тазмини қобилият дифоъ дар сатҳи миллӣ барои ҳаматарафҳо ва фосила гирифтани бархе бозигарони фароминтақаӣ ва соҳилии Хазар аз баҳрамандии сирф фардӣ аз манобеи энержии нафту газ, ба қиммати нодида гирифтани масоили зист муҳитӣ, мавзуест, ки ҳаргуна тавофуқ дар ин паҳнаи обиро душвор месозад.  

Ҳарчанд, ки набояд нодида гирифт, ончи пешзаминаи иҷлоси Ишқободро фароҳам овардааст, имзои мувофиқатномаи амниятии кишварҳои соҳили дарёи Хазар аст, ки дар батни худ бистари созу корҳои марбут ба ҳамкориҳои низоми аъзоро низ бавуҷуд овардааст. Зимни инки таъкиди кишварҳои соҳилӣ бар риояти мувофиқатномаҳои 1921 ва 1940 дар умури озодии дарёнавардии тиҷорӣ, моҳигирӣ, манъи тараддуди каштиҳо ва шиноварҳо бо парчамҳои кишварҳои ғайрисоҳилӣ ва эҷоди камарбанди инҳисории шилотӣ то замони таъини режими ҳуқуқии ҷадид, дар тадовуми нишастҳои коршиносӣ, намояндагони аршади вузарои хориҷа ва сарони кишварҳои соҳили Хазар бетаъсир набудааст. Вазъияте, ки таваҷҷуҳ ба он метавонад бистари ҳамкориҳои ҳарчи бештари ин кишварҳо то ҳусули режими ҳуқуқии ҷомеъ ва монеъ фароҳам оварад. Ба иҷлоси Туркманистон низ аз ҳамин зовия бояд нигарист.