Баргузории ҳаштумин кунгураи байналмилалии газ дар Туркманистон
Ҳаштумин кунгураи байналмилалии гази Туркманистон дар шаҳри бандарии Туркманбошӣ дар соҳили туркмании дарёи Хазар оғоз ба кор кард.
Дар ин кунгура беш аз 380 намоянда аз 300 кишвари дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ва теъдоде аз ширкатҳои нафтӣ ва хадамоти фаннӣ ва муҳандисии Эрон низ ҳузур доранд.
Ширкати милли «Туркмангаз», утоқи саноеъ ва бозаргони Туркманистон ва ширкати англисии "Summit trade events" аз бониёни баргузории кунгураи байналмилалии гази Туркманистон ҳастанд. Дастури кори ин кунгура низ баррасии роҳҳои тавсеаи саноеи нафт ва газ, ҷазби сармоягузорони хориҷӣ, баҳрҳбардорӣ аз манобеи ҳидрокарбон, чигунагии тавсеаи майдонҳои нафт ва гази бахши туркмании дарёи Хазар аз аҳдофи ин конфронс эълом шудааст. Зимни инки қарор аст давлати Туркманистон гузориши мабсуте аз барномаи тавсеаи санъати нафт ва гази худ ба ин кунгура ироа кунад.
Баргузории ҳамоиши байналмилалии гази Туркманистон дар ҳоле аст, ки пештар мизони захоири пешбинишудаи Туркманистон муодили 44/45 миллиард тон сӯхт эълом шуда буд, бо кашфи майдонҳои ҷадиди нафт ва газ, ин мизон то ҳудуди 71 миллиард тон сӯхт баровард ва тасбит шуд. Бинобар ин бидуни тардид мавзӯи истихроҷ ва албатта чигунагии арза ва транзити нафт ва гази Туркманистон ба бозорҳои масрафи ҷаҳон ба мувозоти тавсеаи маёдини нафт ва гази ин кишвар дар ҳавзаи дарёи Хазар аз чолишҳои пеши рӯйи давлати Ашқобод аст.
Аз ин рӯ табиӣ аст, ки Туркманистон бо ҳадафи шинохти ин чолишҳо ва ёфтани роҳкоре барои ҳалли мушкилоти пеши рӯ дар заминаи имзои қарордоди мушорикат дар тавлид, умури иктишоф ва истихроҷи нафт ва газ ва истифода аз фурсатҳо ва зарфиятҳои ҳамкорӣ дар бозори энержии Туркманистон ва албатта тарсими чашмандози таомули байналмилалӣ дар канори тақвияти тавонмандиҳои миллии ин кишвар дар бахши санъати энержӣ иқдом ба баргузории ҳамоишҳои байналамилалӣ кунад. Ба вижа ин ки Туркманистон қасд дорад то соли 2030 мизони тавлиди солонаи гази табииро ба 230 миллиард метри мукааб бирасонад, бинобар ин ба мувозоти тавлиди энержӣ ҳамчунон дар пайи танаввӯъ бахшидан ба бозори масрафи нафт ва гази худ аст.
Дар ин миён аммо шояд танҳо мавзӯе, ки таваҷҷуҳи нозиронро ба худ ҷалб кардааст, мушорикати ширкатҳои ғарбӣ ва ба хусус ширкати англисӣ дар санъати нафт ва гази Туркманистон мебошад. Ифои нақши ширкати англисии "Summit trade events" ба унвони яке аз бониёни баргузории кунгураи байналамилалии гази Туркманистон дар канори ҳузури ҳамзамони ҳайати эъзомии дастгоҳи дипломатии Англия ба Ашқабод ва таъкиди тарафи хориҷӣ бар густариши равобит бо Туркманистон ҳокӣ аз аҳдофи пайдо ва пинҳон ва ҳамсуии давлат ва ширкатҳои англисӣ дар мушорикат дар тарҳҳои энержии ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дорад.
Ҳимояти сиёсӣ аз ширкатҳои иқтисодии вобаста, рафтори деринаи давлатҳои ғарбӣ барои ҳифз ва тақвияти нуфуз ва таъсиргузорӣ дар кишварҳои ҳадаф, ба вижа дар бахши манобеи энержии ин кишварҳо аст. Равиши қадимие, ки бори дигар аз сӯи Лондон ва ин бор дар мавриди Туркманистон ба кор гирифта шудааст, то зимни баҳрабардории ҳаддиаксарӣ аз манобеи энержии ин кишвар бар рафтори сиёсати хориҷӣ ва рафтори мубтанӣ бар муодилот ва сиёсати иқтисодии Туркманистон таъсиргузор бошад.