Роҳандозии парвози мустақими Теҳрон-Бишкек дар ояндаи наздик
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i17744-Роҳандозии_парвози_мустақими_Теҳрон_Бишкек_дар_ояндаи_наздик
Ройзани фарҳангии Эрон дар Қирғизистон, аз осон шудани сафари шаҳрвандони Қирғизистон ва Эрон ба ду кишвар дар ояндаи наздик хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 25, 2017 19:26 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии парвози мустақими Теҳрон-Бишкек дар ояндаи наздик

Ройзани фарҳангии Эрон дар Қирғизистон, аз осон шудани сафари шаҳрвандони Қирғизистон ва Эрон ба ду кишвар дар ояндаи наздик хабар дод.

Алии Ҳокимпур- ройзани фарҳангии Эрон дар Қирғизистон, бо ишора ба дастовардҳои сиёсии ахири Бишкек ва Теҳрон гуфт, дар натиҷаи ин дастовардҳо, парвози мустақим байни ду кишвар ба зуддӣ фаъол хоҳад шуд.

Вай афзуд, дар чанд моҳи оянда низ режими раводид байни ду кишвар лағв мешавад.

Вай таъкид кард, дар натиҷаи осон шудани рафту омад ва ҳазфи комили режими раводид, равобити ду кишвар дар заминаи гардишгарӣ, иқтисод ва дигар бахшҳо тавсеа хоҳад ёфт.

Дар моҳҳои ахир раванди лағви раводид, миёни Эрон ва дигар кишварҳо шитоб гирифтааст.