Июн 08, 2017 18:16 Asia/Dushanbe
  • Нишасти сарони кишварҳои СҲШ дар Остона

Дар пойтахти Қазоқистон рузҳои 8 ва 9 июн нишасти навбатии сарони кишварҳои СҲШ баргузор мешавад, ки коршиносон ин ҷаласаро барои созмони мазкур таърихӣ унвон мекунанд.

Ҷаласаи 17-уми сарони кишварҳои СҲШ рӯзи 8 июн дар Остона ифтитоҳ шуда, аммо нишасти аслии раҳбарони кишварҳои узв рӯзи ҷумъа баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон РҶТ рӯзи 8 июн бо ҳадафи ширкат дар иҷлоси Шонгҳой дар расъи як ҳайати баланпояи давлати ин кишвар ба шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон сафар кард.

Интизор аст дар нишасти Остона сарони кишварҳои Шонгҳой авзои кунунӣ ва чашмандози тавсаъаи бештари ин созмон, таъини раёсати солонаи ин созмон ва ҳамчунин муҳимтарин масоили сиёсии минтақа ва ҷаҳонро мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд.

Аммо гуфта мешавад, ба ҳайси узви доимии СҲШ пайвастани Ҳинд ва Покистон муҳимтарин натиҷаи ҷаласаи Остона хоҳад буд, зеро аз замони таъсиси СҲШ дар соли 2001 барои бори аввал ба узвияти ин созмон  кишвари нав пазируфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол қабл аз баргузории нишасти Остона  намоянгони Русия ва Чин бар зарурати  шуруъи ҳар чи зудтари  раванди пайвастани  ҶИИрон ба унвони узви доими СҲШ таъкид карданд.

Аз ҷумла Бахтиёр Ҳакимов намояндаи вижаи РҶРусия дар умури созмони Шонгҳой гуфтааст, ки  баъди Ҳинд ва Покистон номзади навбати барои узвият дар ин созмон бояд Ирон бошад.

Дар баробари ин ахиран намояндаи вазорати хориҷаи Чин низ дар Остона ба хабарнигорони гуфтааст, ки кишвараш аз пайвастани  Ирон ба СҲШ ҳимоят мекунад.

Ба назари коршиносони тоҷик пайвастани Ирон ба СҲШ барои тақвияти бештари зарфиятҳои иқтисодӣ ва инчунин ҷойгоҳ ва нуфузи ин созмон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард. 

Гуфтанист СҲШ соли 2001 таъсис шуда, айни замон Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон узви доимии ин созмон ҳастанд.  Дар баробари ин кишварҳое  чун Афғонистон, Белорус, Ирон ва  Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

Баъди пайвастани Ҳинд ва Покистон кишварҳои узви  СҲШ  60 дар сади масоҳати қораи АвруОсиёро дар бар гирифта, ҳамзамон  наздики 50 дар сади ҷамъияти ҷаҳон дар қаламрави кишварҳои ин созмон ба сар мебарад.